вазн
71харвор — [خروار] 1. чун хар, мисли хар 2. боре, ки як хар бардошта метавонад 3. кит. ченаки вазн баробар ба сад мани Табрез, 300 кг …
72ҳабба — (ҳаббат) [حبه // حبة] а. кҳн 1. як доначаи ғалла 2. маҷ. миқдори бисёр кам аз чизе 3. таър. воҳиди вазн, ки баробари 1/48 дирҳам мебошад (миқдори як ҷави миёна); воҳиди хурди пул 4. паймоиши масоҳат дар баъзе мамлакатҳои араб (1/72 фаддон ё 58, 3 …
73ҳазаҷ — [هزج] а. адш. вазне аз вазнҳои арӯз, ки дар он дар як байт ҳашт бор “мафоилун” такрор мешавад …
74ҳамвазн — [هم وزن] ду чизи аз ҷиҳати вазн бо ҳам баробар …
75ҳолат — [حالت] а 1. чигунагӣ, вазъият, ҳол; ҳолати аввала вазъияти пештара; ҳолати рӯҳӣ чигунагии вазъи рӯҳӣ; дар ҳолате ки дар сурате ки, дар вазъияте ки 2. вазъият, ҳодиса, воқеа 3. вақт, замон; дар ҳолати… дар вақти…, дар шароити… 4. мадор, қувват,… …
76чарбидан — [چربيدن] 1. ғолиб омадан, пирӯз гардидан, музаффар шудан 2. бартар омадан; афзунӣ доштан дар мартабаву мақом 3. гуфт. ҳазм шудан, дар бадани касе ҳал шудан 4. вазнин будан, сангин омадан, зиёд омадан (дар вазн) …
77чарбиш — [چربش] 1. чизи чарб мисли дунба, пиҳ ва амсоли он; чарбу, равған, чарбии рӯи гӯшт 2. зиёдшавӣ, афзоиш, фузунӣ, бештарӣ (аз нигоҳи вазн); ниг. чарбидан …
78чоряк — [چاريک] 1. аз чор як ҳиссаи ягон чиз, аз чор як қисми ягон чиз: чоряки соат, чоряки сол, чоряки роҳ ва ғ. 2. кҳн. воҳиди вазн, ки ба 2 кг баробар буд 3. яке аз чор давраи соли таҳсил дар мактабҳои низоми таҳсилоти умумии Тоҷикистон: чоряки аввал …
79ҷавсанг — [جوسنگ] санге, ки ҳамвазни як дона ҷав аст, чизе, ки ба вазн ва бузургӣ ба андозаи як дона ҷав аст …
80якпуда — [يک پوده] як пуд (тахм. 16 кг) вазн дошта …